Хабарҳо

Ҷавобгарӣ барои ҷиноятҳои қаллобӣ ва тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда

   Зикиров Ҳ.Қ. барои он гунаҳкор дониста шудааст, ки ӯ 22 январи соли 2008 аз ҶСК "Агроинвестбонк" 100.000 доллари ИМА қарз гирифта, ӯҳдадории худро иҷро накарда, маблағи мазкурро тасарруф намудааст.

Минбаъд, Зикиров Ҳ.Қ. қасди ҷинояткорона пайдо намудааст, ки боз қарз гирифта бо ин роҳ ӯҳдадории қаблии худро дар назди ҶСК "Агроинвестбонк" иҷро намояд. Бо ин мақсад ӯ бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Каримов Д.Ғ. аз ҶСК "Агроинвестбонк" 15 июни соли 2009 ба маблағи 150 000 доллари ИМА кредит гирифта, 117.580 доллари онро барои талофӣ намудани қарзи қаблан гирифтааш барқарор намуда, маблағи 32.420 доллари ИМА-ро ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намудааст.

 Ба ғайр аз ин, ӯ солҳои 2010-2014 ба 15 нафар сокинони шаҳри Турсунзода аз дохили бозори "Яклухт"-и ҳамин шаҳр ва инчунин аз иншооти дар ихтиёри ҶДММ "Агрокорпоратсия" буда қитъаҳои заминро барои бунёди хонаҳои истиқомати фурухта ба ин кирдораш ба ҷабрдидагон ба маблағи зиёда аз 200.000 доллари ИМА зарарҳои калони моддӣ расонидааст.

Бо ҳукми суди шаҳри Турсунзода аз 7 марти соли 2018 Зикиров Ҳ.Қ. бо моддаҳои 246 қисми 3 банди “б”, 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятӣ, яъне барои қаллобӣ ва тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашудагунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 11 сол, ҷазои ҷарима ба андозаи 1.600 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 40.000 сомонӣ ба фоидаи давлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба муҳлати 3 сол таъин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ