Хабарҳо

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СЕМИНАРӢ

3 ноябри  соли 2017 дар толори маҷлисгоҳи Прокуратураи генералӣдар мавзӯи «Маблағгузории терроризм: мафҳум, моҳият, мақомоти ваколатдор ва тарзу усулҳои ошкор намудани он»машғулияти  семинарӣ  баргузор  гардид.

 Қайд гардид,ки бо назардошти таҳдидҳои афзояндаи терроризм ба амнияти миллии кишвар ва рушди босуботи  ҷомеа аз ҷониби субъектони бевосита бо терроризм муборизабаранда ва дар ин мубориза иштироккунанда тадриҷан тадбирҳо андешида шуда, дар як вақт мубориза бо маблағгузории терроризм яке аз вазифаҳои калидии муқовимат дар ин самт ба шумор меравад. 

Новобаста аз чораҳои андешида, бо дарназардошти  хатари  воқеъии ин зуҳурот ба амнияти миллӣ, уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон, аз ҷумла Қатъномаҳои соҳавии Созмони миллали мутаҳид, тавсияҳои Гуруҳи коркарди чораҳои молиявӣ (ФАТФ), ташкилотҳои минтақавии он (ЕАГ), Барномаҳои байнидавлатӣ, талаботи қонунгузории ҷорӣ ва нисбатан мураккаб будани ошкоркунии ҷиноятҳои  маблағгузории  терроризм, дар шароити кунунӣ андешидани маҷмуъи тадбирҳо ҷиҳати пешгирӣ, ошкор намудан, бақайдгирӣ ва санҷишу тафтиши  ҳодисаҳое, ки нишонаҳои маблағгузории терроризмро доранд, зарур мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки дар як қатор санадҳои байнамилалӣ, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар  бораи  муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи  ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом», Фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 13 аз 15 феврали соли 2016 «Дар бораи тадбирҳои пурзўр намудани фаъолияти мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муқовимат ба терроризм, экстремизм  ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллӣ» низ ба масъалаи муқовимат ба маблағгузории  терроризм аҳамияти хоса дода шудааст.

Ҳамзамон Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат  ба  экстремизм  ва  терроризм барои  солҳои 2016-2020 баланд  бардоштани  самаранокии ҳамкориҳои мақомоти ваколатдор оид ба пешгирӣ  ва мубориза бо маблағгузории терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), тафтиши  самаранок  ва босифати ин қабил ҷиноятҳоро яке  аз  самтҳои асосии муқовимат дар ин самт ҳисобидааст.

Дархотимаи машғулиятвобастаба мавзўи матраҳшаванда музокираҳо доир гардиданд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ