Хабарҳо

Ба истифода дода шудани бинои истиқоматӣ барои кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалаи Зарафшон, кӯчаи Бобо Ҳамдами шаҳри Душанбе бинои 9 ошёнаи истиқоматии 54 ҳуҷрадор барои кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифодадода шуд. Корҳои сохтмонй дар бинои истиқоматии бунёдшуда дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе дар масоҳати умумии 0,18 га қитъаи замини ҷудогардида оғоз гардида, масоҳати умумии зери сохтмони он 646, 1м2-ро ташкил медиҳад.

Лоиҳаи сохтмони иншооти мазкур аз ҷониби ташкилоти лоиҳакашии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Пажуишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашиву ҷустуҷӯии “САНИИОСП” омода карда шуда, арзиши лоиҳавии сохтмон 16 466920 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ гардида, сохтмони бино бо сарфаи 3 млн сомонӣ ба анҷом расонида шудааст.

Корҳои сохтмону васлкунӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Иморатсоз” анҷом дода шудааст.

Бинои мазкур дорои таваққуфгоҳ бо масоҳати умумии 590 м2 ва ба хотири таъмини фароғати фарзандони бошандагон майдонча барои бозии бачаҳо бо масоҳати умумии 255 м2 ва майдони кабудизор 635 м2, ки дар он зиёда аз 150 адад дарахтони гуногуни сояафкан шинонида шудаанд мебошад.

Бинои истиқоматй дорои 54 хона, аз ҷумла 18 -хонаи сеҳуҷрагӣ, 18-дуҳуҷрагӣ ва 18- якҳуҷрагӣ буда, масоҳати хонаҳои сеҳуҷрагӣ 83,5 м2, дуҳуҷрагӣ 81 м2 ва якҳуҷрагӣ 57м2 мебошанд.

Пешвои миллат аснои шиносоӣ бо шароити бино ба сифати корҳои анҷомшуда баҳои сазовор доданд ва аз бошандагон даъват намуданд, ки хизматро ба халқу Ватан аз пештара дида хубтар ба роҳ монанд.

Дар навбати худ нафарони соҳиби манзилҳои истиқоматй гардида ба роҳбари давлат барои дастгириҳои пайваста арзи сипосу миннатдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки ин гуна қадршиносй онҳоро дар иҷрои масъулияту вазифаҳои бардушдоштаашон дучанд ҳавасманду масъулиятшинос хоҳад кард.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ