Хабарҳо

«Ҳифзи сиёсию ҳуқуқии соҳибистиклолияти Тоҷикистон»

 18 октябри соли 2017 аз тарафи Маркази миллии конунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи  илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҳифзи  сиёсию  ҳуқуқии соҳибистиклолияти Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар рафти конференсия намояндаи мақомоти прокуратура доир ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, пос доштани он, дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди пешгирии зуҳуроти номатлуби  терроризму экстремизм, ки дар Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардидаанд ваба рафти амалишавии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои  солҳои 2016-2020 баромад намуда, пешниҳодҳои манфиатбахш дар самти ҷоннок намудани корҳои пешгирикунанда дар мубориза бар зиддӣ терроризм ва экстремизм ба аҳли нишаст баён намуд, ки он аз ҷониби Роҳбарияти Марказ ва иштирокчиёни конференсия қобили қабул дониста шуда, мусбӣ арзёбӣ гардид.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ