Хабарҳо

Шарипов С.Ф., Абдуллоева Д.Р., Садиева Н.В. ва Шарипов У.С. МАҲКУМ ГАРДИДАНД.

 Дар суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон 23 августи соли 2017  парвандаи ҷиноятӣ нисбати Шарипов С.Ф., Абдуллоева Д.Р., Садиева Н.В. бо моддаи 168 ва Шарипов У.С  бо моддаи 169 Кодекси  ҷиноятӣ баррасӣ гардид. Номбурдагон барои он аӣбдор дониста  шудаанд, ки Шарипов С.Ф.  бо маслиҳати пешакӣ бо ҳамсараш Абдуллоева Д.Р. мусоидат карда, дидаву дониста, ки писарашон Шарипов У.С. соли таваллудаш 2 маӣи 1999 ноболиғ мебошад бо ноболиғ Раҳимова Н.У. соли  таваллудаш 21 феврали 2000 ҳануз ба синни никоҳи нарасидааст, бе қаӣди дахлдор дар мақомоти САҲШ-и ноҳияи Ёвон  моҳи октябри соли 2016 онҳоро никоҳи мусулмонӣ намуда оиладор намудаанд.

Саъдиева Н.В. дидаву дониста, ки духтараш Раҳимова Н.У. ноболиғ буда соли таваллудаш 21 феврали 2000, мебошад ва ҳаннӯз ба синни никоҳи нарасидааст, далолат ва мусоидат намудааст то духтараш ба шаҳрванд Шарипов У.С. ба шавҳар барояд.

Шарипов У.С. дидаву дониста, ки Раҳимова Н.У. ноболиғ буда, соли таваллудаш 21 феврали 2000, буда ҳаннӯз ба синни никоҳи нарасидааст, бо ӯ акти никоҳи мусулмони намуда оила барпо намудааст.

Оиди ҳолати мазкур 23 июни соли 2017 аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Ёвон нисбати Шарипов С.Ф., Абдуллоева Д.Р., Садиева Н.В. бо моддаи 168  ва нисбати Шарипов У.С. бо моддаи 169 Кодекси ҷиноятӣ  парвандаи чиноятӣ оғоз карда шуда, пас аз анҷоми тафтишоти пешакӣ парвандаи ҷиноятии  мазкур 31 июли соли 2017 бо тасдиқи фикри аӣбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суди ноҳияи Ёвон ирсол карда шудааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Ёвон аз 23 августи соли 2017 номбурдагон бо  моддаҳои  дар  боло  қаӣдгардида  гунаҳкор  дониста  шуда, ба Шарипов С.Ф., Абдуллоева Д.Р. ва Садиева Н.В.  ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ ба мухлати 1 сол бо нигоҳ доштани 20 % музди меҳнат ва ба Шарипов У.С. ҷазо дар намуди корҳои  ҳатмӣ ба муҳлати 140 соат таъин таъин карда шуд. 

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ