Хабарҳо

СОДИР НАМУДАНИ ҶИНОЯТИ ҚАЛЛОБӢ АЗ ҶОНИБИ Саидов Ф.Ғ.

 Прокуратураи ноҳияи Шаҳринав ҳангоми гузаронидани санҷишӣ қонунгузорӣ оиди танзими анъана ва ҷашну маросимҳо муайян намуд, ки шахсони масъули Комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ба ҷои пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо, беғаразона  баррасӣ ва мусоидат намудан барои дар доираи талаботи қонунгузорӣ баргузории тую маъракаҳои мардум,  худ  даст ба маблағситонӣ ва дигар омилҳои коррупсионӣ зада, барои додани иҷозат оиди гузаронидани маъракаҳо  аз  шаҳрвандон  маблағҳои  пули  гирифта, обрую нуфузи мақомоти давлатиро коста мегардонанд.

 Чунончӣ, санаи 2 октябри соли 2017 сармутахассиси Комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав Саидов Фарҳод Ғаӣбуллоевич бо роҳи фиреб ва суӣистифода аз ваколатҳои мансабиаш барои иҷозат додан оиди баргузории туӣи арусию домодӣ  аз  сокини  ҷамоати  деҳоти ба номи А.Ҳасанов Қурбонов А. 180  сомонӣ  маблағи  пулӣ  талаб  карда,  худи  ҳамон рўз ҳангоми гирифтани пора аз ҷониби кормандони прокуратураи ноҳияи Шаҳринав дастгир карда шуд.

Дар рафти санҷиш ва тафтиши парвандаи ҷиноятӣ маълум гардид, ки шаҳрванд Қурбонов  А. аз оилаи камбизоат буда, бе падар бавоя расида, модараш гирифтори бемории вазнин ва шароити зиндагии хуб надошта бошад ҳам, Саидов Ф.Ғ. ин ҳолатҳоро ба назар нагирифта, номбурдаро рузҳои охир сарсону саргардон  карда, барои додани иҷозат оиди баргузор намудаии туӣи домодии худаш маблағи пули талаб намудааст.

Аз руӣи ин ҳодиса, 3 октябри соли 2017 нисбати сармутахассиси Комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти  маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав Саидов Ф.Ғ. бо моддаи 247 қисми 2, бандҳои “в” “г” Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ