Хабарҳо

АЗ ҶОНИБИ ҚОДИРОВ А.М., РАСУЛОВ Т.С. ВА ҲАЛИМОВ Н. содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ, сӯистифода АЗ ВАКОЛАТҲОИ МАНСАБӢ ВА СОХТАКОРИИ ХИЗМАТӢ

 Прокуратураи ноҳияи Шаҳринав ҳангоми гузаронидани санҷишӣ қонунгузории замин муайян намуд, ки Директори Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманкул”-и ноҳияи Шаҳринав Қодиров А.М., директори филиали Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор Расулов Т.С. ва китобдӯзи ҳамин бойгонӣ Ҳалимов Н. бо маслиҳати пешакӣ моҳи сентябри соли 2016 бо роҳи сохтакорӣ, клуби ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Шаҳринавро ба номи шаҳрванд Назаров Қ.С. ҳуҷҷатгузорӣ намуда, бар ивазаш аз ӯ 3000 доллари ИМА гирифтаанд.

Ба ғайр аз ин, Қодиров А.М. бо истифода аз мақоми хизматиаш бо роҳи сохтакорӣ намудани ҳуҷҷатҳо барои додани қитъаҳои замин аз шаҳрвандон Шодиев Р. 30 000  сомонӣ, аз Шайхов Г. 25 000  сомонӣ ва аз Бекназаров С. 5000 сомонӣ гирифта, ба эҳтиёҷоти шахсиаш хароҷот намудааст.

07.06.2017 сол нисбати Қодиров А.М., Расулов Т.С. ва Ҳалимов Н. бо моддаҳои 247 қисми 4, 314 қисми 1, 323 ва 340 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, пас аз анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суди ноҳияи Шаҳринав ирсол карда шуд.

Бо ҳукми суди ноҳияи Шаҳринав аз 15 сентябри  соли 2017  номбурдагон  бо моддаҳои дар боло  қайдгардида  гунаҳкор  дониста  шуда, ба  Қодиров А.М.ҷазо дар  намуди ҷарима ба андозаи 1465 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 73250 сомонӣ,Расулов Т.С. 250 нишондиҳанда барои  ҳисобҳо баробар ба 10000 сомонӣ ва ба Ҳалимов Н. 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 14600 сомонӣ таъин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ