Хабарҳо

Одамкушӣ

  Сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳнаваки Боло, хонаи №5 Сафаров Донёр Каримович бо Ҳайдарова Замирамоҳ Файзалиевна шинос ва баъдан муносибати маҳрамона пайдо намуданд.

Соли 2017 Ҳайдарова З.Ф., бинобар бо шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Аҷмал Абдул Латиф шиносоӣ пайдо намуданаш муносибаташро бо Сафаров Д.К. тағйир додааст.

 Сафаров Д.К. аз муносибати маҳрамона доштани Ҳайдарова З.Ф. бо Аҷмал А.Л. хабардор шуда, аз рӯи ҳиссиёти рашк мунтазам Ҳайдарова З.Ф.-ро мавриди лату куб қарор додааст. Сипас, нақшаи ба қатл расонидани Ҳайдарова З.Ф.-ро бо рафиқаш Раупов С.А. тарҳрезӣ намудааст.

 Сафаров Д.К. бо Раупов С.А. моҳи январи соли 2018 аз рӯи маслиҳати пешакӣ Ҳайдарова З.Ф.-ро ба шаҳри Ҳисор даъват карда, хурок ва нушокии спиртӣ истеъмол намудаанд. Сипас, Ҳайдарова З.Ф.-ро маҷбуран дар бағоҷи автомашина таҳти идораи Сафаров Д.К. буда ҷой намуда, ба ҳудуди теппаҳои назди деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб мебаранд.

Сафаров Д.К. бо мақсади ба қатл расонидани Ҳайдарова З.Ф., ки дар ҳолати оҷизӣ қарор дошт бо дастонаш роҳҳои нафаскашии Ҳайдарова З.Ф.-ро буғӣ карда, охиронро аз ҳаёт маҳрум месозад.

  Сипас, Раупов С.А., ки худ дар ҷои ҳодиса ҳузур дошт, бо Сафаров Д.К. ҷасади Ҳайдарова З.Ф. кашола карда бурда, аз баландии 50 метр ба ҷарӣ ба дохили ғор поён мепартоянд.

 Дар асоси муроҷиати Қаландарова Л.С. прокурори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 20 июли соли 2020 сол парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда, онро баъди ба охир расонидани тафтиши пешакӣ ба суд ирсол намудааст.

Ғайр аз ин, шаҳрванд Меҳрафрӯзи Холмирзо 4 апрели соли 2020 автомашинаи Раупов С.А.-ро дар маҳаллаи Харангони ноҳияи И.Сомонӣ манъ карда аз ӯ хоҳиш мекунад, ки ӯро ба минтақаи лозима расонад.

  Раупов С.А. ба хоҳиши Меҳрафрӯзи X. розӣ шуда, дар роҳ байни ҳамдигар муноқиша мекунанд. Раупов С.А. бо мушт ба қафаси синаи Меҳрафрӯзи X. зада, автомашинаро ба ҷои беодам ронда меистад. Меҳрафрӯзи X. ба ӯ мегуяд, ки рафта аз болояш дар мақомоти ҳизфи ҳуқуқ шикоят мекунад. Ӯ боз ба ғазаб омада, бо мушт ба қафаси синаи номбурда ду маротибаи дигар зарба задааст, ки дар ҳамин вақт ӯ нафасгир шуда дар қафои мошин беҳуш шудааст.

Дар ин асно дар ботини Раупов С.А. қасди ба қатл расонидани Меҳрафрӯзи X. пайдо мешавад.

Ӯ бо мақсади ба қатл расонидани Меҳрафрӯзи X. бо дасти чапаш ду маротибаи дигар ба қафаси синаи номбурда зада, баъдан ӯро бо роҳи буғӣ кардан ба қатл мерасонад ва ҷасади Меҳрафрӯзи X,- ро ба ҷарие, ки ҷасади Ҳайдарова З.Ф.-ро бо Сафаров Д.К. дар онҷо партофта зери хок намуда буданд, мебарад ва ҷасади Меҳрафрӯзи Х.-ро ба ҳамон ғор мепартояд.

15 сентябри соли 2020 прокурори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе нисбати Раупов С.А. бо моддаи 104 қисми 2 банди “а”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷинояти оғоз намудааст, пас аз анҷоми тафтиши пешакӣ он ба суд ирсол карда шудааст.

  Бо ҳукми суди шаҳри Душанбе аз 22 декабри соли 2020 Сафаров Донёр Каримович бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои «в, з» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбати ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 22 сол бо адо кардани ҷазо дар муассисаи ислоҳии низомашон сахт ва нисбати Раупов Саъдулло Абдуллоевич бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои «в, з, и» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан, бо адо намудани ҷазо дар муассисаи ислоҳии дороӣ низомаш махсус таъин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ