Хабарҳо

Истеъмоли нушокии спиртӣ оқибат ба куштор расонид.

 Шаҳрванд Меҳроҷиддини Саидҷаъфар сокини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон 06 майи соли 2020 тахминан соатҳои 1900 то 20 дар дохили нуқтаи фурӯши машруботи спиртӣ, воқеъ дар кӯчаи Гипрозем, ки ба собиқ бозори «Сомон» тааллуқ дорад, машруботи спиртии навъи арақ ва оби ҷав истеъмол намуда, бо шаҳрванд Муродов Дустмурод Элмуродович ҷанҷол намуда, ӯро бо алфози қабеҳ дашном намудааст.

 Муродов Д. ба суханҳои ӯ аҳамият надода, бо мақсади ба хона рафтан аз нуқтаи фуруши мазкур ба берун баромадааст. Меҳроҷиддини С. бошад, ҳаракатҳои ҷинояткоронаи худро давом дода, бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум намудани номбурда аз ҳиссиёти авбошӣ дар назди дари даромадгоҳи нуқтаи зикршуда ба Муродов Д. дарафтода, бо истифода аз корди бо худ дошта, ду маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳими ӯ задааст, ки номбурда аз ҷароҳатҳои гирифтааш ба ҳалокат расидааст.

 Нисбати Меҳроҷиддини Саидҷаъфар 07 майи соли 2020 аз ҷониби прокурори ноҳияи Сино бо аломати моддаи 104 қисми 2 банди “к” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.

 Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе аз 02 июли соли 2020 Меҳроҷиддини Саидҷаъфар бо моддаи 104 қисми 2 банди “к” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 20 (бист) сол бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт таъйин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ