Хабарҳо

Риояи ҳатмии қоидаҳои санитарию гигиенӣ яке аз воситаҳои асоси пешгирии ҳамагуна бемориҳои сироятӣ мебошад.

 Кормандони Прокуратураи генералӣдар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, шӯроҳои маҳалла ва муассисаҳои давлатии идоракунии фонди манзилҳо ба 4440 адад манзилҳои истиқоматии маҳаллаҳои 13, 14, 31 ва Якка- чинори ноҳияи Сино ташриф оварда, бо истиқоматкунандагони онҳо суҳбатҳо доир намуданд.

 Зимни вохӯрӣ ба шаҳрвандон зарурати риояи ҳатмии қоидаҳои санитарию гигиенӣ, ба таҳлука наафтодан, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя намудани фосилаи на кам аз 1,5 метр, пушидани ниқоб, мунтазам бо собун шустани дастҳо, истифода бурдани маҳлулҳои антисептикӣ, бе зарурат аз хона набаромадани шахсони аз 60-сола боло, ташкил накардани ҳар гуна ҷамъомаду маъракаҳо фаҳмонда шуда, оид ба роҳҳои паҳншавии бемории номбурда, тарзу усули ба бадан ворид шудани вирус маълумот до да шуд.

 Аз ҷониби аҳолӣ суҳбатҳои мазкур дуруст пазируфта шуда, ҷиҳати андешидани ҳамаи чораҳо барои пешгирии паҳншавии беморӣ омодагӣ изҳор намуданд.

 Корҳои фаҳмондадиҳи оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ аз ҷониби кормандони мақомоти прокуратура идома дорад

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ