Хабарҳо

РОҲЗАНИ ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

 25 сентябри соли 2018 Азизов А.А. дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳри Ҷ., Холов И.М., Раҳматов Р.О., «Умед» ном шахс ва ду нафар шахсони ба тафтишоти пешакӣ номаълум, дар бораи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабурзода С.Ё. маълумот гирифтанд, ки охирон барои харидорӣ намудани автомашина ба шаҳри Москва омада, бо худ маблағи калони пулӣ дорад.

  Холов И.М. ва ҳаммаслаконаш бо нияти ғаразнок барои ба даст овардани фоидаи муфт, бо роҳи роҳзанӣ ва тасарруф намудани маблағҳои пулии Сабурзода С.Ё. маслиҳати пешакӣ намудаанд.

  Азизов А.А., Холов И.М., Манучеҳри Ҷ., Раҳматов Р.О., «Умед» ном шахс ва ду нафар шахсони номаълум бо корд, таппонча ва дигар намуди олотҳо мусаллаҳ гашта, бо истифода аз автомашинаи тамғаи «Ваз-2109» таҳти идораи Холов И.М. ба 43-юм километри шоҳроҳи автомобилгарди «МКАД»-и деҳаи Мосрентген ҳозир шуда, ҷойи мувофиқ барои содир кардани ҳуҷуми роҳзаниро аниқ карда, камин гирифтаанд.

   Худи ҳамон рӯз нафарони номбурда Сабурзода С.Ё.-ро мушоҳида намуда, бо автомашинаи худ ӯро думболагирӣ намуда, қасдан ба қисмати қафои автомашинаи Сабурзода С.Ё. нишаста бархӯрда, садамаи нақлиётӣ ташкил намудаанд.

  Хангоми истодани автомашинаҳо Азизов А.А. ва дигар ҳаммаслаконаш ба Сабурзода С.Ё. ҳуҷум намуда, бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок, бо олотҳои қаблан омода намуда ба ӯ ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонида, ба микдори махсусан калон маблағи пулии 902 ҳазор рубли ФР баробар ба 128.264 сомониро тасарруф карда аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

   Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ҳукми худ Азизов А.А.-ро бо моддаи 249 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба муҳлати 10 сол бо адои ҷазо дар калонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт аз озодӣ маҳрум намуд.

 

Маркази матбуоти

 

Прокуратураи генералӣ