Хабарҳо

ИСРОФКОРӢ ДАР МУАССИСАИ ИСЛОҲӢ

 Муминзода Тағоймурод Мумин дар вазифаи сармуҳосиби муассисаи ислоҳии (сукунатӣ) 3/9 СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда, бо маслиҳати пешакӣ бо дигарон, аз моҳи май то декабри соли 2018 бо роҳи нест кардани қисми ордерҳои даромади хазинавӣ ва тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣмаблағи 248.502 сомониро азонихуд намуда, бо ин кирдорашонба манфиати давлат зарари махсусан калон расонидаанд.

  Прокурори вилоят нисбати Муминзода Т.М., Исмоилзода Саидаҳмад Маҳмадкарим ва Худойбердиев Отабек Музаффарович бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” ва 340 кисми 2 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (азонихудкунӣё исрофкорӣва сохтакорӣ) парвандаи ҷиноятӣоғоз намуда, бо анҷоми тафтишоти пешакӣбарои моҳиятан баррасӣнамудан ба суд ирсол карда шудааст.

  Бо ҳукми суди шаҳри Леваканти вилояти Хатлон Муминзода Т.М., Исмоилзода С.М. ва Худойбердиев О.М. гунаҳгор дониста шуда, ба ҷазои сазовор маҳкум гардиданд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ