Маҷалла

Журнал

Хабарҳо

РОҲЗАНИ ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

 Холов И.М. 24 сентябри соли 2018 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳри Ҷ., Азизов А.А., Раҳматов Р.О., «Умед» ном шахс ва ду нафар шахсони ба тафтишоти пешакӣ номаълум, дар бораи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабурзода С.Ё. маълумот гирифтанд, ки охирон барои харидорӣ намудани автомашина ба шаҳри Москва омада, бо худ маблағи калони пулй дорад.

 Холов И.М. ва ҳаммаслаконаш бо нияти ғаразноки ба даст овардани фоидаи муфт, бо роҳи роҳзанй ва тасарруф намудани маблағҳои пулии Сабурзода С.Ё. маслиҳати пешакӣ намудаанд.

  25 сентябри соли 2018 тахминан соати 10 Холов И.М., Манучеҳри Ҷ., Азизов А.А., Раҳматов Р.О., «Умед» ном шахс ва ду нафар шахсони номаълум бо корд ва дигар олотҳо мусаллаҳ гашта, бо истифода аз автомашинаи тамғаи «Ваз-2109» таҳти идораи Холов И.М. ба 43-юм километри шоҳроҳи автомобилгарди «МКАД»-и деҳаи Мосрентген ҳозир шуда, ҷойи мувофиқ барои содир кардани ҳуҷуми роҳзаниро аниқ карда, камин гирифтаанд.

  Худи ҳамон рӯз нафарони номбурда Сабурзода С.Ё.-ро мушоҳида намуда, бо автомашинаи худ ӯро думболагирй намуда, қасдан ба қисмати қафои автомашинаи Сабурзода С.Ё. нишаста бархӯрда, садамаи нақлиётӣ ташкил намудаанд.

  Ҳангоми исто дани автомашинаҳо Холов И.М. ва дигар ҳаммаслаконаш ба Сабурзода С.Ё. ҳуҷум намуда, бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ва саломатй хавфнок, бо олотҳои қаблан омода намуда ба ӯ ҷароҳатҳои ҷисмонй расонида, ба микдори махсусан калон маблаги пулии 902 ҳазор рубли ФР баробар ба 128.264 сомониро тасарруф карда аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ҳукми худ Холов И.М.-ро бо моддаи 249 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба муҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум намуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ