Хабарҳо

БА ИМЗО РАСОНИДАНИ СОЗИШНОМА ДАР БОРАИ ҲАМКОРӢ БАЙНИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА КУМИТАИ ТАФТИШОТИИ ҶУМҲУРИИ БЕЛАРУС

 Санаи 28 июни соли 2019 дар  шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус дар доираи сафари расмии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия  Раҳмон Ю.А. Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Беларус ба имзо расонида шуд.

 Тибқи Созишномаи мазкур ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи ҷиноятиро саривақт таъмин намуда, ҷиҳати таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, баҳри мубориза бо ҷинояткорӣ, алалхусус бо шаклҳои муташаккили он, бо терроризм, коррупсия, савдои одамон, муомилоти ғайриқонунии силоҳ, маводи нашъадор ва воситаҳои психотропӣ, ҷиноятҳо дар соҳаи иқтисодиёт, технологияҳои иттилоотӣ ва намуди дигари ҷиноятҳо, ки барои ҷамъият хавфи зиёд доранд, ҳамкории дуҷонибаро густариш диҳанд.

 Созишномаи мазкур баҳри рушди робитаҳои корӣ, аз қабили табодули таҷрибаи корӣ оид ба ташкили фаъолияти мақомоти тафтиши пешакии ҳар ду кишвар, аз ҷумла  интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, амалияи тафтишотӣ заминаи асосӣ мегузорад.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ