Маҷалла

Журнал

Хабарҳо

Ҷинояткор ҷазои сазовор гирифт

 Абдуалимов Ш.С қаблан ду маротиба солҳои 2010 ва 2011 бо моддаи 132 қисми 3 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шуда, аз ин хулосаи зарурӣ набароварда, боз дар ҳолати ретсидиви хавфнок ба содир намудани ҷиноятӣ қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сӯистифодаи боварӣ ва хариду фурӯши одамон бо маслиҳати пешакӣ бо ҷойивазкунии ҷабрдида тавассути сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даст задааст.

  Чунончи, Абдуалимов Ш.С. 17 июни соли 2013 бо роҳи фиреб ва сӯйистифодаи боварӣ ба боварии рафиқаш Диловари С. даромада, аз ӯ маблағи пулӣ ба микдори 150.000 сомонӣ гирифта, номбурдаро бовар кунонидааст, ки дар мӯҳлати 15 шабонарӯз ба воситаи шиносҳояш бозори “Сомон”-и шаҳри Кӯлобро аз ихтиёрдории Чолов Қ. гирифта, ба ӯ медиҳад ва бо ин роҳ охиронро фиреб дода, маблағи 150 000 сомониро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Ғайр аз ин, Абдуалимов Ш.С. такроран моҳи феврали соли 2014 бо маслиҳати пешакӣ бо апааш Абдуалимова З.С. бо ваъдаи бо ҷойи кори моҳонааш хуб таъмин намудан, ҷалб намудани духтарон ва баъдан ба давлати Аморати Муттаҳидаи Араб интиқол додан, бо мақсади алоқаи ҷинсӣ намудан бо шаҳрвандони миллаташон гуногун ва бо ин роҳ ба даст овардани даромади муфт ба боварии шаҳрвандон Акбарова З.С., Шарипова М.А. ва Шарипова М.А. даромада, барои онҳо раводид омода намуда, чиптаи электронии ҳавопаймо харидорӣ кардааст, ки номбурдагон 8 феврали соли 2014 аз фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе тавассути хавопаймо ба шаҳри Дубай парвоз кардаанд.

Абдуалимов Ш.С. аз ҳисоби истисмори шаҳвонии Акбарова З.С., Шарипова М.А. ва Шарипова М.А. маблағҳои калони пулй ба даст оварда онро ба манфиати шахсии худ хароҷот намудааст.

Нисбати Абдуалимов Ш.С. бо моддаҳои 247 қисми 4 банди «б» ва 1301 қисми 2 бандҳои «б», «в», «г», «ё» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркуни ба суд ирсол карда шуд.

Бо ҳукми суди ноҳияи Сино аз 30 апрели соли 2019 судшаванда Абдуалимов Ш.С.-ро бо моддаҳои 247 қисми 4 банди «б» ва 1301 қисми 2 бандҳои «б», «в», «г», «ё» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазои ниҳоӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯхдати 9 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба мӯҳлати 3 сол, бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорой низомашон сахт, таъйин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ