Маҷалла

Журнал

Хабарҳо

Инкишоф то чӣ андоза расид: аз "Лукойл" ба "Silver"-M қалбакӣ

 Файзуллоев Саидолимхон Ибрагимович сокини шаҳри Хуҷанд, мохи ноябри соли 2018 амбори муассисаи нақлиётии ҷамъияти саҳомии кушодаи "Сорбон", воқеъ дар маҳаллаи 16-уми шаҳри Хуҷандро бо мақсади ба амал баровардани фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ ва бо ин васила ба даст овардани даромади ба иҷора гирифта, тибқи нақшаи ҷиноятии пешакӣ дар анбори мазкур таҷҳизоти махсуси истеҳсоли зарфҳои пластикии ғунҷоишаш аз 0,7 то 4,0 литрро васл намуд.

   Баъдан, ӯ ба 8 адад зарфҳои ғунҷоишаш 200 литр равғани муҳаррики автомашинаи истеҳсоли Федератсия Россияро бо арзиши 1 литр баробар ба 11,25 сомони ҷамъ ба миқцори 1600 литр ба маблағи умумии 18.000 сомонӣ аз матозаи "Лукойл"-и шаҳри Хуҷанд харид намуда, ин равғанҳоро ба зарфҳои полиэтилении ғунҷоишаш 4 литр тақсим намудааст, ки ин зарфҳо қалбан аз ҷониби худи ӯ дар дастгоҳҳои махсуси истеҳсолкунанда сохта шуда буд.

Файзуллоев С.И. барои гумроҳ намудани истеъмолкунандагон дар хосияти сифат ва арзиши мол, дар рӯи зарфҳо тамғаи қоғази навъи "Silver"- ро, ки он низ худсохта мебошад, ҳамчун истеҳсоли ширкати Ҷумҳурии Олмон часпонида, барои дар оянда ба фурӯш баровардан ба якчанд мағозаҳои фурӯши қисмҳои эҳтиётии автомобилҳои шаҳри Хуҷанд оварда супоридааст.

Ҳангоми гузаронидани санҷиш аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳолати мазкур ошкор гардида, нисбати Файзуллоев Саидолимхон Ибрагимович бо моддаҳои 294 қисми 2 банди "б" ва 32 қисми 3-294 қисми 3 банди "б" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятй оғоз гардида, баъди анҷоми тафтииши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

Бо ҳукми суди шахри Хуҷанд аз 05 апрели соли 2019 Файзуллоев СИ. бо моддаҳои 294 қисми 2 банди "б" ва 32 қисми 3-294 қисми 3 банди "б" Кодекси ҷиноятй гунаҳкор дониста, ба ӯ ҷазо дар намудаи маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 2 солу 6 моҳ бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш умуми, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба мӯҳлати 1 солу 6 моҳ таъин карда шуд.

Бо татбиқи муқаррароти моддаи 71 Кодекси ҷиноятӣ ҷазои нисбати Файзуллоев С.И. таъин гардида, шартан татбиқ карда нашуда, 1 сол мӯҳлати санҷишӣ муқаррар карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ