Хабарҳо

Маҳкумшуда Самадов Мирзохуҷа Назирхуҷаевич баъди содир намудани ҷиноятӣ авбошӣ ва бо ҳукми суд маҳкум гардидан, боз даст ба содир намудани амалҳои ғайриқонунӣ расонидани хабарҳои бардуруғ ва таҳқири оммавии намояндаи ҳокимият дар воситаи ахбори омма даст

  Дар сомонаи интернетии Фейсбук, дар саҳифаи Самадов М.Н. нисбати кормандони масъули Прокуратураи генералии ҶумҳурииТоҷикистон хабару маълумотҳои бардуруғ ва таҳқиромез нашргардидаанд, ки асоси ҳуқуқӣ надоранд.

  Аз ҷумла, дар саҳифаи Самадов М.Н. бе ягон асос омадааст, ки кормандони мақомоти Прокуратураи генералӣ зимни тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбати ӯ гӯё ба амалҳои коррупсионӣ роҳ додаанд, ки маълумотҳои мазкур бардурӯғ буда, воқеъият надоранд.

 Ҳолати воқеъии кор чунин аст, ки шаҳрванд Ночорова Холмо Баротовна сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Шамсӣ, бином 2/4, ҳуҷраҳои 7-8, муваққатан бекор, оиладор соҳиби се фарзанд, пеш суд нашудааст, бо ариза ба ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 13 майи соли 2017, тахминан соати 1000 дақиқа, аз ҳамсояаш Самадов Мирзохуҷа Назирхуҷаевич, сокини ҳамин бино хонаи 6 калиди амборхонаро, ки дар майдончаи ошёнаи зисти онҳо ҳамчун партовҷои умумӣ муқаррар шудааст, барои истифода бурдан пурсон мешавад.

Самадов М.Н. аз ин ҳолат, ки амборхонаи мазкур танҳо таҳти истифодабарии ӯ қарор дошт ба ғазаб омада, дар ҷавоб бо Ночорова X. аввал ҷанҷол шуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда,баъдан аз ҳиссиёти авбошӣ бо бешармии хоса, ки дар беэътиноии ошкоро нисбати меъёрҳои қабулшудаи одобу ахлоқ ифода ёфта буд, бо дастонаш узви ҷинсиашро дошта истода, ба Ночорова X., нишон дода, дашномҳои қабеҳи ғайри инсониро нисбати номбурда раво мебинад.

   Оиди ҳолати мазкур аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 марта соли 2018, нисбати Самадов М.Н. бо моддаи 237 қисми 2 бандҳои «б,г»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ бо бешармии хоса, ки дар беэътиноии ошкоро нисбати меъёрҳои қабулшудаи одобу ахлоқ ифода ёфтаанд) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардашуда, тафтиши он ба зиммаи прокурори ноҳияи Синои ш. Душанбе вогузор карда шуд.

 Новобаста аз ин, Самадов М.Н. ба кирдорҳои ғайриқонунии худхотима набахшида, баръакс ҳаракатҳои ҷинояткоронаи худро то санаи 30 июли соли 2018 мунтазам идома додааст, ки боиси шикоятҳои пайвастаи ҳамсояаш гаштааст.

  Дар маҷмуъ, нисбати Самадов М.Н. оид ба се ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ба ӯ бо моддаи 237 кисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айб эълон карда шуда, 12 декабри соли 2018 парвандаи ҷиноятӣ барои баррасӣ намудан ба суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ирсол карда шуд.

  Ҳамзамон нисбати Ночорова Холмо Баротовна низ, ки такроран бо Самадов М.Н. ҷанҷол карда, ҷинояти авбошӣ содир намудааст, бо моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, пас аз ба итмом расидани пешбурди тафтишоти пешакӣ санаи 28 декабри соли 2018, барои баррасӣ намудан ба суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ирсол карда шуд.

 Бо ҳукми суди ноҳияи Сино аз 23 январи соли 2019 Самадов Мирзохуҷа Назирхуҷаевич бо моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятииҶумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 2 сол, бо дастрасии моддаи 71 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шартан татбиқ накардани ҷазо ва муқаррар кардани 1 сол мӯҳлати санҷишӣ таъин карда шуд.

  Инчунин бо ҳукми суди ноҳияи Сино аз 17 январи соли 2019 Ночорова Холмо Баротовна бо моддаи 237 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намудимаҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 5 сол, бо дастрасии моддаи 71 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи шартан татбиқ накардани ҷазо ва муқаррар кардани 2 сол мӯҳлати санҷиш таъин карда шуд.

  Ҳукмҳои судӣ ба қувваи қонунӣ даромада, иҷроиши онҳо амалӣ шуда истодаанд.

 Маҳкумшуда Самадов М.Н. гарчанде ҷиноят содир намуда, маҳкум гардида бошад ҳам, вале аз ин хулосаи даркори набароварда, боз даст басодир намудани амалҳои ғайриқонунӣ, яъне расонидани хабарҳои бардуруғ ва таҳқири оммавии намояндаи ҳокимият дар воситаи ахбори омма задааст, ки метавонад боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ бо моддаи 346  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тодикистон гардад.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ