Маҷалла

Журнал

Хабарҳо

Муомилот бо асъори хориҷӣ тибқи қонун манъ аст.

  Саидов Қурбоналӣ Боҳтурхонович  санаи таваллудаш 24 январи соли 1972, сокини ноҳияи Фархор ба муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ машғул шуда, 25 январи соли 2019 зимни гузаронидани санҷиш дар дохили бозори марказии ноҳияи Фархор муайян карда шуд, ки ҳангоми  харидорӣ намудани маблағи 2000 рубли русӣ бар ивази 290 сомонӣ ошкор карда шуд.

 Оид ба ин ҳолат, аз тарафи прокурори ноҳияи Фархор нисбати Саидов Қ.Б. бо моддаи 541 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда, барои баррасӣ ба суди  ирсол гардид.

 Бо қарори суди ноҳияи Фархор аз 07 феврали соли 2019 Саидов Қурбоналӣ Боҳтурхонович  ба андозаи 18 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 990 сомонӣ ҷарима  таъин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ