Хабарҳо

Молу маҳсулоти муҳлати истеъмолиашон гузашта ба саломатии инсон зарар дорад.

  Қурбонов Фарҳод Ҳисайнович 13 августа 1996 соли таваллудаш, сокини Вилояти Хатлон бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт, 19 октябри соли 2018 аз шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия 7 номгуи маводҳои дорувории “Dostinex 0,5 mg 8 tablet- 132 қуттӣ, “AZOPT” 1% Steril Oftalmik Suspansion 5mg-93 қуттӣ, “GERICA 300mg №56 Kapsul”- 295 қуттӣ, “Kreon 10000 IU100 Kapsul”-48 қуттӣ, “Kreon 25000 IU100 Kapsul”-1 қуттӣ, “NUROFEN200 mgdraje” - 198 қуттӣ ва “Advantan Krem 0,1% 30 g”- 42 қуттӣ, ки ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгуй намебошанд, ба маблағи умумии 3000 (се ҳазор) доллари ИМА харидорӣ намуда, ғайриқонунӣ, бе иҷзозатномаи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудааст.

 22 октябри соли 2018, тахминан соати 19:00 дақиқаи вақти маҳаллӣна, дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ҳангоми гузаштанаш аз минтақаи назорати гумрукӣ, аз ҷониби кормандони дидбонгоҳи назорати гумрукии Раёсати минтақавии гумрук дар шаҳри Душанбе, аз дохили бағоҷи Қурбонов Ф.Ҳ., маводҳои доруворй дарёфт карда, гирифта шудаанд.

22.11.2018сол нисбати Қурбонов Фарҳод Ҳисайнович бо моддаи 210 иловаи 1, қисми 3, банди «б»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, пас аз анҷоми тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноятӣ ба суд ирсол карда шуд.

Бо ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз 15 феврали соли 2019 Қурбонов Фарҳод Ҳисайнович бо моддаи моддаи 210 иловаи 1, қисми 3, банди «б»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ба муҳлати 6 (шаш) сол маҳрум сохтан аз озодӣ дар колонияҳои ислоҳии дорой низомаш пурзӯр адои ҷазо таъин гардида, ба муҳлати 2 (ду) сол аз ҳуқуқи фаъолияти соҳибкорӣ-фурӯши маводҳои формасевтӣ маҳрум карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ