Хабарҳо

ОҚИБАТИ МАСТИ...

   Ҷӯраев Изатулло Ишонович зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Исфара дар ҳолати мастӣ бо писари бародараш Ҷӯраев Амрилло дар бошишгоҳи саҳроӣ баҳсу мунозира карда, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтан бо истифода аз яроқи суфтамили тамғаи «ИЖ-12» қутраш 16, ба суи Ҷӯраев А. тир холӣ карда, ки бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бистарии беморхонаи марказии шаҳри Исфара гардида, бинобар сари вақт расонидани ёрии тиббӣ наҷот дода шуд.

  Прокурори шаҳри Исфара нисбати Ҷӯраев И.И. бо моддаи 32 қисми 3-104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва бо анҷоми тафтишоти пешакӣ барои моҳиятан баррасй намудан ба суди шаҳри Исфараи вилояти Суғд ирсол намуд.

Бо ҳукми судӣ Ҷӯраев И.И. гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 9 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ