Хабарҳо

ХУДБОВАРӢ БОИСИ МАРГИ 9 НАФАР ГАРДИД

 29 январи соли 2019 соати 17 ронанадаи автомашинаи сабукрави тамғаи «Опел-астра» рақами давлатиаш 50-79 АА 04 РТ Куканиев Арабшо Аҳмадович 1996 соли таваллудаш, сокини ВМКБ, ноҳияи Дарвоз, деҳаи Курговад 6 нафар ба ҷойи муқарраршуда зиёд, яъне 9 нафар сокинони ҳамин деҳаро бархилофи талаботи банди 235 Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ амал намуда, ба шоҳроҳи самти Душанбе-Қалъаихум-Хоруғ ба роҳ мебарояд.

  Ҳангоми ҳаракат дар киллометри 389-уми ин шоҳроҳ, ки ҳудуди деҳаи Вишхарвро ташкил медод ба садама дучор шуда, ба дарёи «Панҷ» меафтад.

Дар натиҷаи ин садама дар ҷойи ҳодиса 9 нафар ба ҳалокат расида, худи ронанда Куканиев А.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштааст.

Прокурори ноҳияи Дарвози ВМКБ нисбати ронанда Куканиев А.А. бо моддаи 212 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, тафтиши онро ба зиммаи муфаттишони шуъбаи тафтишотии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ вогузор намудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ