Хабарҳо

СОДИР НАМУДАНИ ҶИНОЯТ ДАР ҲОЛАТИ МАСТӢ

 Тошев Муҳамади Ҷурабаевич (17 январи соли 1963 санаи таваллуд, сокини шаҳри Турсунзода, деҳоти Қаратоғ, деҳаи Қаратоғ), ки қаблан суд шуда, нисбаташ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷкистон ”Дар бораи авф” татбиқ карда шуда буд, ба худ хулосаи зарури набароварда, 4 октябри соли 2018 тахминан соати 01 шабона дар ҳолати мастӣ бо табари хоҷагидорӣ мусаллаҳ гардида, дар манзили истиқоматии худ, аз ҳисиёти рашк ҳамсараш Умарова Гулбаҳор Холдоровнаи (21 марта соли 1986 санаи таваллудаш) хоб бударо ба қисмати поёни соқи пойи чапаш бо табар як маротиба зарба задааст, ки дар натиҷа пойи охирон аз баданаш ҷудо шудааст.

  Аз рӯи ин ҳолат нисбати Тошев М.Ҷ. бо моддаи 110 қисми 2 банди “в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва нисбаташ чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан татбиқ карда шуда, бо анҷоми тафтишоти пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суди шаҳри Турсунзода ирсол карда шудааст.

11 январи соли 2019 бо ҳукми суди шаҳри Турсунзода Тошев М.Ҷ. дар содир намудани ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 сол бо адои он дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ