Хабарҳо

ОҚИБАТИ ҒАСБИ ЗАМИН

  Ӯрозов Мансурбек Хидирович, сокинии ноҳияи Ҷ.Балхӣ, дар қитъаи замини ғайриқонунӣ ишғол намудааш худсарона сохтмон карда, даст ба ҷиноят зад.

   Ӯ дар асоси шартномаи иҷора аз 3 марты соли 2017, майдони 5 га замини чарогоҳро аз Кооперативы тиҷоратии «Чорводор»-и ноҳияи Вахш иҷора гирифта, тахминан 25-26 сентябри соли 2018 бо мақсади сохтмони иншооти анборхона дар замини ҳамсоя, ки таъйиноташ чорводорӣмебошад ва дар асоси шартнома аз 13 апрели соли 2017 ба шаҳрванд Сулув Валиева ба муҳлати 5 сол иҷора дода шудааст, воқеъ дар деҳаи Тошрободи деҳоти Машъали ноҳияи Вахш дар майдони 21 метри мураббаъ қитъаи заминро ғайриқонунӣ ишғол намуда, дар он сохтмони худсарона оғоз мекунад. Аз кирдори ӯ иҷоракор Сулув Валиева хабардоршуда ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳад, ки минбаъд идома до дани сохтмон манъ карда мешавад.

Нисбати Ӯрозов Мансурбек барои ғайриқонуни ишғоли қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он бо моддаи 338 қисми 2 Кодексы ҷиноятии ҶумҳурииТоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, баъди ба итмом расидани тафтишоти пешакӣбарои баррасӣба суд ирсол шудааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Вахш Урозов Мансурбек Хидирович ба андозаи 140 нишондиҳанда ҷарима барои ҳисобҳо баробар ба 7 ҳазор сомонӣба фоидаи давлат дарима таъин карда шуд.


Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ