Хабарҳо

Баргузории ҷаласаи кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 24 декабри соли 2018 дар Прокуратураи генералӣ ҷаласаи васеи кормандони Прокуратураи генералӣ баргузор гардид, ки дар он Прокурори генералӣ, муовинон ва кормандони Раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералӣ, инчунин прокурори нақлиёти Тоҷикистон, прокурори шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои он ва як қатор шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ширкат варзиданд.

 Дар ҷаласаи мазкур Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал -полковники адлия Раҳмон Ю.А. дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти мамлакат, муҳтарам Эмомали Раҳмонро, ки 19 декабри соли 2018 дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардида буд, ба самъи кормандони мақомоти прокуратура расониданд.

Қаӣд карда шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласа фаъолияти сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишварро дар роҳи таъмини амнияти давлат ва мардуми Тоҷикистон, волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи марзу буми кишвар ва мубориза ба муқобили ҷинояту ҷинояткориҳо натиҷагирӣ намуда, аз мавҷуд будани баъзе камбудию норасоиҳо дар самти зикршуда ёдовар шуданд.

   Инчунин Прокурори генералӣ зикр намуданд, ки дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба вазъи таъмини амну субот дар кишвар ва фаъолияти сохторҳои низомиву мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи мамлакат дар соли 2018 баррасӣ шуда, барои соли 2019 нақшаи тадбирҳои иловагӣ дар ин самт муаӣян гардиданд.

Ҳамзамон Прокурори генералӣ қайд намуданд, ки дар ҷаласаи Шӯро аз ҷониби Раиси Шӯро, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар мақомотҳо оид ба масъалаҳои баланд бардоштани рӯҳияи маънавӣ, ҳисси ватандӯстию масъулият шиносӣ ва таҷрибаву маҳорати касбии кормандони мақомоти судӣ, сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

  Дар ҷаласа Прокурори генералӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи Шӯрои мазкур зикр гардиданд ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бартараф намудани камбудию норасоиҳои мавҷуда муовинони Прокурори генералӣ, Сарпрокурори ҳарбӣ, сардорони Раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералӣ, прокуророни вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва ба онҳо баробаркардашударо вазифадор карданд, ки дар самтҳои зериназоратиашон тадбирҳои ҷиддию самаранок андешанд.


Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ