Хабарҳо

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Имрӯз 03 декабри соли 2018 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он масъулини Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

  Дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ду масъала, вазъи мубориза бо қонунвайронкуниҳои гумрукӣ, алалхусус қочоқ ва воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва фаъолияти оперативӣ - хизматии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ дар самти ошкору қатъ намудани фаъолияти саркардагони гуруҳҳои муташаккили нашъҷаллоб мавриди баррасй қарор додашуданд.

   Доир ба ин масъалаҳо ахбороти кормандони масъули Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони мутассадӣ шунида шуда, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва вазъи қонуният дар ин самт баҳогузорӣ карда шуд.

    Дар хотимаи ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Шӯро Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал- полковники адлия Юсуф Раҳмон Аҳмадзод дар назди масъулини вазорату идораҳои номбурда ҷиҳати таъмини риояи қатъии қонунгузорӣ, сари вақт пешгирӣ ва ошкору бартараф намудани қонунвайронкуниҳо дар соҳаҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошт.


Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ