Хабарҳо

ҶИНОЯТКОР ҶА3ОИ СА3ОВОР ГИРИФТ

  Тураев Олимҷон Одилович, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Турсунзода, ҷамоати деҳоти Навобод, деҳаи С.Раҷабов қаблан бо ҳукмҳои Суди шаҳри Турсунзода якчанд маротиба маҳкум гардида, ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, боз даст ба содир намудани ҷинояти махсусан вазнин дар ҳолати редсидиви ҳавфнок задааст.

  Манзили истиқоматии Тураев О.О. дар наздикии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11, воқеъ дар деҳаи С.Раҷабов, ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода ҷойгир буда, фарзандони ноболиғи ӯ Тураев Хушбахт ва Тураева Зилоларо посбони муассисаи мазкур Мирзаев Акрам Юсупович, барои беинтизомӣ якчанд маротиба аз дохил ва гирду атрофи муассиса пеш кардааст, ки бо ин сабаб Тураев 0.0. мақсади куштори Мирзаев А.Ю.- ро кардааст.

Бо ин мақсад Тураев 0.0. 30 марти соли 2018 аз меъёр зиёд нушокиҳои спиртй нушида, дар ҳолати сахти мастӣ баҳри амалй гардонидани мақсади қаблан таҳрезишуда, ки моҳияти он аз куштори Мирзаев А.Ю. иборат буд, тахминан соати 22-30 дақиқа бо худ як адад корди хоҷагӣ гирифта, ба МТМУ №11 омада, ба дохили посбонхона даромада, аз набудани атрофиён воқиф шуда, бо корд ба узвҳои ҳаётан муҳими бадани Мирзаев А.Ю. ҳабдаҳ маротиба зарбаҳои сахти нишонраси пайдарпай задааст, ки дар натиҷа Мирзаев А.Ю. ба замин афтода беҳуш шудааст.

Тураев О.О. бо фикри он, ки Мирзаев А.Ю. ба ҳалокат расидааст, хотирҷамъ шуда, аз дохили посбонхона баромада рафтааст, вале Мирзаев А.Ю. дере нагузашта ба ҳуш омада, аз дохили посбонхона ба берун баромада, доду фиғон бардоштааст, ки кормандони МТМУ №11 бохабар шуда ба ҷойи ҳодиса омада, ӯро ба беморхонаи Марказии шаҳри Турсунзода овардаанд ва ӯ бо ёрии духтурон аз март наҷот ёфтааст.

2 апрели соли 2018 прокуратураи шаҳри Турсунзода Нисбати Тураев О.О. бо моддаҳои 32 қисми 3, 104 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятй оғоз карда, баъди ба итмом расонидани тафтиши пешакӣ онро бо тасдиқи хулосаи айбдоркунй ба суд ирсол кардааст.

Бо ҳукми суди шаҳри Турсунзода Тураев О.О. дар содир намудани ҷинояти бо моддаҳои 32 қисми 3, 104 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин моддаҳо ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати 11 сол бо нигоҳ доштан дар коллонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ