Хабарҳо

Боздиди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Суди Олии ШМА

  7 ноябри 2018 дар чаҳорчӯбаи чорабиниҳои Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ зери унвони “Ҳафтаи қонун, адолат ва рушд” Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод аз Суди Олии ШМА боздид намуд.

Зимни сафари мазкур иштирокчиён аз таърих, фаъолият ва таҷрибаи пешқадами низоми судии ШМА, аз ҷумла зинаҳои судӣ, татбиқи қонунгузорӣ ва раванди баррасии парвандаҳо шинос гардиданд.

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ