Маҷалла

Журнал

Хабарҳо

Мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Котиботи давлатии ШМА

    6 ноябри соли ҷорӣ дар Котиботи давлатии Штатҳои Муттаҳидаи Америка вохӯрии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо намояндагони Бюрои зиддитеррористӣ ва мубориза бо экстремизми зӯроваронаи Котиботи давлатии ШМА баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва экстремизм, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор доданд.

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ