Хабарҳо

қочоқ

  13 марти соли 2018 сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмони ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд Ҳасанов Азамат Аҳмадович 84 адад яхдони тамғаҳои "Авест", "Алмаз", "Мираж", 2 адад кондитсионери тамғаи "Блеск", 69 адад гармкунаки барқии тамғаҳои "Никура" ва "Луксел"и истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистонро, ки арзиши умумиашон 136 830 сомониро ташкил додааст, аз Ҷумҳурии Қирғизистон бо мақсади саркашӣ намудан аз пардохтҳои гумрукӣ бо роҳи қочоқ, яъне пинҳони аз назорати гумрукӣ вориди Ҷумхурии Тоҷикистон намуда, бо ин кирдораш ба давлат беш аз 25000 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.

   Оиди ин ҳолат нисбати Ҳасанов А.А. бо моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумхурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, минбаъд ӯ бо ҳукми суди шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо моддаи зикршуда гунаҳкор дониста шуда , нисбаташ ҷазои ҷарима ба андозаи 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 25000 сомонӣ таъин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ