Хабарҳо

НАФСИ БАД-БАЛОИ ҶОН

  19 июни соли 2018 шаҳрванд Малченков Леонид Леонидович тибқи маслиҳати пешаки бо Жураев Ф.О. ғайриқонунӣ вориди манзили истиқоматии шаҳрванд Каримов Д.Т. воқеъ дар шаҳри Турсунзода, маҳаллаи 2, бинои 143, хуҷраи 43 гардида, аз онҷо пинҳонӣ маблағи 3000 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.

   Сипае, Малченков АЛ. кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, 6 ноябри соли 2018 тахминан соати 16-00 бо мақсади одамкушй ва тасарруф намудани амволи ғайр, такроран вориди манзили истиқоматии дар болозикргашта гардида, минбаъд бо корди шикории бо худ доштааш, 5 маротиба ба узвҳои бадани Каримов ДА. зада, охиронро ба қатл расонида, молу амволашро, ки 5490 сомониро ташкил додааст, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Вобаста ба ин ҳолат нисбати Малченков АЛ. бо моддаҳои 244 қисми 2 бандҳои "б,в,г", 104 қисми 2 бандҳои "и,л" ва 249 қисми 4 банди "в" Кодекси ҷиноятии Ҷумхурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, минбаъд бо хукми суд номбурда бо ин моддаҳо гунаҳкор дониста шуда, нисбаташ ҷазои маҳрум сохтан аз озодй ба мухдати 21 сол, бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дорой низомаш сахт таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ