Маҷалла

Журнал

Хабарҳо

ОҚИБАТИ РАШК-20 СОЛИ МАҲБАСИ

  19 майи соли 2018 Маҳкамов Азизбек Алишерович дар ҳудраи 4-уми бинои Донишкадаи илмҳои иҷтимоии Россия, воқеъ дар деҳаи Арки ноҳияи Лейлеки вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон аз ҳисоби рашк ва бадбинӣ шиноси ҳамсараш Ҷураева Д.- Раҳимов Қ.-ро, ки гуё бо охирин муносибати маҳрамона доштааст, бо корди бо худ доштааш, якчанд маротиба ба узвҳои баданаш зада, ба қатл расонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

   Вобаста ба ин ҳолат нисбати Маҳкамов А.А. бо моддаи 104 қисми 2 банди "е" Кодекси ҷиноятӣ, барои одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, минбаъд бо ҳукми суд номбурда бо ин модда гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 20 сол, бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дороӣ низомаш сахт таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ