Хабарҳо

Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор

   Шаҳрванд Носиров Расул Асматиллобекович дар аввалҳои моҳи июни соли 2018 тариқи телефони бо Сарвар ва Навбаҳор ном шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оиди ғайриқонунӣ интиқол додани миқдори махсусан калони воситаҳои нашъадор ва силоҳу лавозимотҳои ҷангӣ маслиҳат намуд.

  Минбаъд, Носиров Р.А. бо шаҳрвандон Туйбошев Шуҳрат Мамлюкович, Козумов Гулзорхон Ниятбекович, Давлатқадамов Нуралишо Айдибекович, Хушдилов Орзу Холиқназарович ва Перузов Ховар Перузович, ки сокинони деҳаи Ёмҷи Поёни ҷамоати деҳоти М.Ширинҷонови ноҳияи Шуғнон мебошанд, барои амали намудани ниятҳои ҷинояткоронаи худ маслиҳат намуда, ба ҳар як нафар иҷрои корҳои муайянро вазифагузори намуд.

Сипас, санаи 09 июни соли 2018 тақрибан соати 20-45 дақиқа шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Сарвар ва Навбаҳор таввасути дарёи Панҷ сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, воситаҳои нашъадор ва силоҳу лавозимоҳои ҷангиро ба Носиров Р.А. супориданд.

Дар ин ҷо бо гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ тафтишотӣ Туйбошев Ш.М. ва дигарон аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир карда шуда, аз соҳили дарёи Панҷ се адад борхалта, ки дар дохили онҳо 100 кг. маводи нашъадори навъи “ҳашиш”, 3 адад силоҳи таппончаи хориҷй ва 171 адад тирҳои силоҳи оташфишон мавҷуд буд, ёфта гирифта шуд.

Парвандаи ҷиноятии мазкур, пас аз анҷоми тафтишот барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.     

    Бо ҳукми суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон номбурдагон дар содир намудани ҷиноятҳои бо моддаҳои 200 қисми 4 банди “д”, 289 қисми 3, ва 347 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ, яъне барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, ба миқдори махсусан калон, барои қочоқ ва хабар надо дан дар бораи ҷиноят гунаҳкор дониста шуда, ба Туйбошев ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 13 сол, ба Козумов Г.Н. ба муҳлати 12 сол, ба Хушдилов О.Х., Давлатқадамов Н.А. ва Перузов Х.П. ба муҳлати 1 солу 5 моҳи маҳрум сохтан аз озодй таъин карда шуда, қисми маводҳои парвандаи ҷиноятӣ нисбати Носиров Р.А. бинобар фавташ дар истеҳсолот қатъ карда шуд.

 

     Маркази матбуоти

     Прокуратураи генералӣ