Хабарҳо

Амали ҷинои бе ҷазо намемонад

   Шаҳрвандон Орипов Саъди Ҳайбуллоевич, Ашуров Рустам Каримович ва Содиқов Қутбидин Ғафорович барои он гунаҳкор дониста шудаанд, ки номбурдагон дар асоси маслиҳати пешакӣ санаи 11 июни соли 2012 соати 07-30 дақиқа дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Амиршоев, хонаи №21 ба сарашон ниқоб пӯшида пеши роҳи шаҳрвандон Файзуллоев С.Ҳ. ва Саидов Х.С.-ро, ки бо автомашинаи тамғаи «Тойёта-королла», рақами давлатиаш AM67-13 РТ 01 аз пеши ин хона рафтанӣ буданд, бо автомашинаи худ банд мекунанд.

   Баъдан, аз автомашина фаромада бо таппончаи тамғаи “Макаров”, ки бо он мусаллах буданд ба нишастгоҳи ронанда як тир паронда, дари қафои автомашинаи мазкурро кушода, аз онҷо як адад сумкаи варзиширо, ки дар дохилаш 1.911.360 (як миллиону нуҳсаду ёздаҳ ҳазору сесаду шаст) рубли русӣ ва 326.666 (сесаду бисту шаш ҳазору шашсаду шасту шаш) сомонӣ дошт, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.

    Вобаста ба ин ҳолат нисбати номбурдагон аз рӯи аломатҳои моддаи 249 қисми 4 банди «в», 195 қисми 2 бандҳои «б,в» ва 252 қисми 2 бандҳои «б,в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне барои роҳзанӣ, бо истифодаи силоҳ, ғайриқонунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштан, гирифта гаштани силоҳ ва ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо ҳукми суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе аз 19 июни соли 2018 Ашуров Р.К. ва Содиқов Қ.Ғ. ба муҳлати 13 сол ва Орипов С.Ҳ. ба муҳлати 15 соли аз озоди маҳрум карда шуданд.

 

     Маркази матбуоти

     Прокуратураи генералӣ