Маҷалла

Журнал

Хабарҳо

Қотили хоҳар маҳкум гардид

 Давлатов С.С. барон он гунаҳкор дониста шуд, ки ӯ 25 июни соли 2000 дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар ноҳияи Лахш, ҷамоати деҳоти Алта, деҳаи Сарғой хоҳараш Давлатова Б.-ро бинобар сабаби ҷой доштани хусумат бо роҳи буғӣ кардан аз ҳаёт маҳрум намуда, баъдан бо ҳамроҳии Султонбеков Ш.С. ва Малабеков 3. ҷасади номбурдаро дар мавзеи “Қарашувоқ”-и ҷамоати деҳоти Алта, деҳаи Сарғой зери хок пинҳон намудаанд.

 Пас аз содир намудани ин ҷиноят Давлатов С.С. аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фирор намуда ба Федератсияи Руссия рафта, он ҷо пинҳон мешавад.

Оиди ин ҳодиса нисбати Давлатов С.С. аз рӯи аломатҳои моддаи 104 қисми 2 бандҳои «д,з» (барои одамкушӣ) Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди дастгир намудани ӯ ва ба итмом расидани тафтиши пешакй парвандаи ҷиноятй бо тасдиқи фикри айбдорй ба суд ирсол карда шуд.

Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2018 Давлатов С.С. бо моддаи номбурда гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ба муҳлати 16 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дорой низомаш сахт ҷазо таъин карда шуд.

 

     Маркази матбуоти

     Прокуратураи генералӣ