Маҷалла

Журнал

Хабарҳо

Кирдор ба сазовори ҷазо гардид

 Шоиков Шоди Занҷирбекович зодаи шаҳри Хоруғи ВМКБ, муваққтан бе кор аввалҳои моҳи апрели соли 2018 ҳангоми дар тарабхонаи «Банд»-и шаҳри Хоруғ қарор доштанаш бо Неққадамов Шертан Саидқадамович ва Мубораққадамов Масуд Соибқадамович бо тахаллуси «Федя» шиносоӣ пайдо намуда, дар рафти суҳбат номбурдагон ба у пешниҳод намудаанд, ки маводи нашъадори онҳоро, тавассути автомошинаашон тамғаи НИВА ба шаҳри Душанбе бар ивази 4000-доллари ИМА интиқол диҳад.

  23 апрели соли 2018 Шоиков Ш.З. тибқи маслиҳати пешакӣ аз шаҳри Хоруғ ба Ҷамоати Поршиневи ноҳияи Шуғнон ҳозир шуда, бо Неққадамов Шертан Саидқадамович вохурда, аз у автомошинаи тамғаи, НИВА рақами қайди давлатиаш 34-99 АА 04. ки дар дохилаш 4-қутти картони маводи нашъадор мавҷуд буд, гирифта автомошинаи мазкурро таҳти идораи худ карор дода, аз деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғнон бо Ёрбеков Артур Ёдгорович ба самти шаҳри Душанбе, равона гардидааст.

Ёрбеков А.Ё., ҳангоми ба шаҳри Душанбе ба кучаи Айни назди бозорчаи собиқ «Жил-массив» расиданашон, бо супориши Неккадамов Ш, маводҳои нашъадори дар дохили автомошина қарор доштаро ба бағоҷи автомошинаи тамгаи «ОПЕЛ-АСТРА» рақами қайди давлатиаш 64-52 ДД 01, ки таҳтӣ коркарди оперативи карор дошт, ҷойгир намудаанд.

Дар натиҷаӣ гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ- чустучуӣ Шоиков Ш.З. ва Ёрбеков А.Ё. дар ҷойи ҳодиса аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқдастгир гардида, аз дохили автомошина 44900,0 (чилу чор ҳазору нухсад )грамм маводи навъи «героин» ва 2790,0 (дуҳазору ҳафсаду навад) грамм маводи нашъадори навъи афюн мусодира карда шуд.

Нисбати Шоиков Шоди Занчирбекович ва Ёрбеков Артур Ёдгорович бо моддаи 200 қисми 4 банди «д» ҚҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди ба итмом расидани тафтиши пешакӣ ба суд ирсол гардид.

Бо ҳукми суд судшаванда Шоиков Шоди Занҷирбекович ба муҳлати 18 солу 6 моҳ ва Ёрбеков Артур Ёдгорович ба муҳлати 18 сол аз озодӣ маҳрум дар колонияи ислоҳии низомаш сахт адои ҷазо таъин карда шуданд.

 

     Маркази матбуоти

     Прокуратураи генералӣ