Хабарҳо

Оқибати амалҳои экстремистӣ

  Шодмонов Султонбек Шодиевич санаи таваллудаш 26 майи соли 1985, сокини нохияи Кушониён, Ҷамоати деҳоти «Меҳнатобод», деҳаи Дониёрқул моҳи марти соли 2009 ба шаҳри Қазони Федератсияи Россия ба муҳоҷирати мехнатӣ рафта, ҳангоми дар Федератсияи Россия буданаш ба ташкилоти террористии Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) шомил гардида, моҳи майи соли 2014 ба шаҳри Истамбули Туркия ва сипас ба Давлати Сурия сафар карда, бар зидди неруҳои давлатии Ҷумхурии исломии Сурия дар задухурдхои ҷангӣ иштирок намудааст.

  Нисбати Шодмонов Султонбек Шодиевич 16.04 соли 2016 бо аломатхои моддахои 401 прим 1 ва 307 прим 3 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди дастгир намудан ва ба итмом расидани тафтишоти пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи хулосаи айбдоркуни ба суд ирсол гардидааст.

   Бо ҳукми суди вилояти Хатлон санаи 17.04.2018 сол Шодмонов Султонбек Шодиевич бо моддаи 307 прим 3 қисми 2 ва моддаи 401 прим 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, дар маҷму ҷазои ниҳои ба муҳлати 17 сол аз озодӣ маҳрумӣ бо адо намудан дар муассисаи ислоҳии низомаш сахт таъин карда шуд.

 

     Маркази матбуоти

     Прокуратураи генералӣ