Хабарҳо

Қотилони ҷиноят ҷазо гирифтанд

  06 октябри соли 2017 тахминан соати 03:00 дақиқа шаҳрванд Ниятбеков Некрӯз Доробекович бо нияти ғаразнок бо ниқоб рӯяшро пушонида, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо Ҳабибзода Восеи Саъдулло бо мақсади аз ҳаёт маҳрум кардани аъзоёни оилаи Назридодовҳо ба манзили истиқоматии Назридодов Алидод Имомдодович, воқеъ дар деҳаи Миденшори ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон, ғайриқонунй ворид шуда, бо силоҳи оташфишони тамғаи “ПМ” тирпарронй намуданд. Дар натиҷаи тирпарронй ҳамсари Назридодов А.И. -Девлохова Оламгул Мирзоевна дар қисмати қафаси сина ҷароҳат бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, наберааш Ниятбеков Амирҷон Далерович дар қисмати косахонаи сараш ҷароҳат бардошта, баъди 6 рӯз дар беморхона вафот кардааст.

  Инчунин Ниятбеков Н.Д. кирдорҳои ҷинояткоронаи худро давом дода, бо тапонча ба косахонаи сари Назридодов Мубориз Алидодович зарба задааст. Пас аз он, ки Назридодов М.А. муқобилият нишон дода тапончаро аз дасти Ниятбеков Н.Д. зада ғалтонидааст, шарики ӯ Ҳабибзода В.С. ба ҳаракатҳояш ҳамроҳ шуда, нисбати Назридодов М.А. зӯроварӣ истифода намудааст. Сипае Ниятбеков Н.Д. бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани оилаи Назридодовҳо ба хона норинҷакро партофтааст ва Назридодов М.А. норинҷаки партофтаи Ниятбеков Н.Д.-ро бардошта, аз тиреза берун партофтааст, ки он дар саҳни ҳавлӣ таркида, ба атрофиён зарар нарасонидааст. Баъди ин Ниятбеков Н.Д. бо корд ду маротиба ба қафаси сина, аз пушт се маротиба ба мавзеи камари росту чапи Назридодов М.А. ва боз ба бозуи дасти роста Назридодова Муқаддас Алидодовна зарбаҳо задааст, ки дар натида ба саломатии номбурдагон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонидааст.

06.10.2017 сол оиди ҳодисаи мазкур аз тарафи прокуратураи ноҳияи Шуғнон нисбати Ниятбеков Н.Д. ва Ҳабибзода В.С. бо аломати моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “а,в,е,з,и” барои одамкушӣ, бо бераҳмии махсус, азҳисиёти авбошй) , 32 қисми 3-104 қисми 2 бандҳои “а,в,е,ж,з,и”, 195 қисми 1(бо истифодаи силоҳи оташфишон), 147 қисми 1 (барои вайрон намудани дахлнопазирии манзил) ва 255 қисми 2 банди “а” (барои несту нобуд кардан и амвол) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ва ба Ҳабибзода Восеи Садулло бо моддаҳои 36 қисми 5-104 қисми 2 бандҳои “а,в,е,з,и”(шарики ҷиноят барои одамкушӣ), 32 қисми 3-104 қисми 2 бандхои “а,в,е,ж,з,и” ва 147 қисми 1 КҶҶумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди ба итмом расидани тафтиши пешакй бо тасдиқи фикри айбдоркунй барои баррасй намудан ба суди ВМКБ фиристонида шуд.

Бо ҳукми суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 13 феврали соли 2018 Ниятбеков Н.Д. ва Ҳабибзода В.С. дар содир намудани ҷиноятҳои дар боло зикргардида гунаҳгор дониста шуда, ҷазои ниҳоӣ ба Ниятбеков Н.Д. дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 28 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорой низоми сахт ва ба Ҳабибзода В.С. дар намуди маҳрум сохтан аз озодй ба муҳлати 23 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорой низоми сахт таъин карда шуд.

 

     Маркази матбуоти

     Прокуратураи генералӣ