Маҷалла

Журнал

Хабарҳо

Э Ъ Л О Н дар бораи гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ

    Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун барои  ишғоли мансабҳои холии мутахассиси прокуратураи ноҳияи Шаҳринав ва мутахассиси пешбар – сармуҳандиси Раёсати корҳои Прокуратураи генералӣ эълон менамояд.

Музди меҳнати вазифавии мутахассиси прокуратураи ноҳияи Шаҳринав 546 сомонӣ ва мутахассиси пешбар – сармуҳандиси Раёсати корҳои Прокуратураи генералӣ 847 сомонӣ 60 дирам мебошад.

 Талаботҳои асоси нисбат ба довталабон ба мансаби мутахассиси пешбар – сармуҳандиси Раёсати корҳои Прокуратураи генералӣ;

-дорои таҳсилоти олии муҳандиси техникӣ;

-синну сол то 35 сола;

- доштани собиқаи кории на кам аз 1 сол дар ихтисоси муҳандис - техник:

-доғи суди надоштани довталаб ва хешу табори наздики ӯ;

-солим будан  барои фаъолият намудан дар мақомоти прокуратура;

-донистани Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидаанд,

-кор бо компютер,

-донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. -донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.   

Талаботҳои асоси нисбат ба довталабон ба мансаби мутахассиси прокуратураи ноҳияи Шаҳринав;

-дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи Славянӣ-Тоҷикӣ ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд;

-синну сол то 35 сола;

-доғи суди надоштани довталаб ва хешу табори наздики ӯ;

-солим будан  барои фаъолият намудан дар мақомоти прокуратура;

 -донистани Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидаанд,

-кор бо компютер,

-донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист.    -донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.  

Довталабон барои иштирок дар озмун бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд;

-ариза ба номи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

-нусхаи шиноснома;

-маълумотнома аз ҷои истиқомат;

-маълумотнома дар бораи ҳайати оила;

-хислатнома;

-маълумотнома (справка объективка);

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).       

Довталабон метавонанд оид ба таҷрибаи кор ва сатҳи касбии худ маълумоти иловагӣ (нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи дараҷа ва унвони илмӣ, такмили ихтисос, номгӯи корҳои илмӣ, тавсияномаҳо, тавсияҳо) пешниҳод намоянд.

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 14 августи соли 2018 дар шакли хаттӣ қабул карда мешаванд.

Суроға: шаҳри душанбе, хиёбони А.Сино – 126, индекс; 734043, телефон: 236-81-23, 236-68-03, факс 236-87-41 сомонаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

     

       Маркази матбуоти

       Прокуратураи генералӣ