Хабарҳо

Сафари корни Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ю.А.Раҳмон ба шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Дарвоз

    Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники адлия Ю.А.Раҳмон рӯзҳои 5-6 июли соли 2018 ба шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Дарвоз сафар карда, бо фаъолони ВМКБ ва хизматчиёни ҳарбии қисмҳои ҳарбии 01123 ва 0409 отряди сарҳадии «Дарвоз» баргузор намуд.

  Сараввал, Прокурори генералӣ бо хизматчиёни ҳарбии қисмҳои ҳарбии 01123 ва 0409 отряди сарҳадии «Дарвоз» вохурӣ намуда, таъкид намуданд, ки хизматчиёни ҳарбии шарафманди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳар як ваҷаб хоки муқаддаси Ватанамонро ҳамчун гавҳараки чашм аз ҳамагуна амалҳои таҷовузкорона дифоъ карда, ҷиҳати риояи интизоми ҳарбӣ ва қонунҳо ҷидду ҷаҳд намуда, ҳимояи боэътимоди манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва тамомияти арзии кишварамонро таъмин намоянд.

Ҳамчунин Прокурори генералӣ дар бинои прокуратураи ВМКБ бо кормандони прокуратураи шаҳру ноҳияҳои вилоят мулоқот доир намуда, аз онҳо талаб намуд, ки дар фаъолияти худ масъалаҳои таъмини волоияти қонун, ҳифзи сарҳади давлатӣ, мубориза алайҳи ҷиноятҳои фаромиллӣ, ифротгароӣ ва шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистию террориста, пурзӯр намудани риояи интизоми хизматӣ, алалхусус дар ҷузъу томҳои қисмҳои ҳарбӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро дар миқёси вилоят дар мадди аввал гузоранд.

Ғайр аз ин Прокурори генералӣ дар доираи сафари кориаш дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо аҳли ҷамоатичигй ва фаъолони вилоят мулоқот доир намуд. Дар мулоқот асосан таъмини волоияти қонун, мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, ифротгароӣ ва шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистию террориста, таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар миқёси вилоят ва рушди корҳои ободонию созандагиро вазифаи асосии ҳар як шаҳрванд шуморида, қайд намуданд, ки ҳимояи боэътимоди манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва тамомияти арзии кишварамонро таъмин намоянд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ