Хабарҳо

Хиёнаткор ҷазо гирифт

    Ризоев Эргаш Ҷунайдович аз ҷониби мақомоти пешбурди тафтиши пешакӣ  бо моддаҳои 170, 347 қисми 1 ва 320 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  айбдор дониста шудааст.

 Чунончӣ,  Ризоев Э.Ҷ  соли 2001 бо Имамова М.М. ва соли 2008 бо Холова З.С. оила барпо намуда, то дастгир шуданаш дар як вақт бо ду зан бо пешбарии хоҷагии умумӣ зиндагонӣ намудааст.

  Инчунин, ӯ соли 2015 ҳангоми дар шаҳри Иркутски Федератсияи Россия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанаш аз ҳамдеҳагони худ Саидов А.Х. ва дигарон дар бораи нақшаҳо ва омодагӣ ба ҷинояти содиршавандаи махсусан вазнин-кӯшиши табадуллоти давлатӣ аз ҷониби собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода А. (4 сентябри соли 2015) маълумоти кофӣ ва боэътимод ба даст оварда, охирҳои моҳи августи соли 2015 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар карда, имконияти воқеъи дошт, ки дар ин хусус ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон хабар расонад. Aммо, ӯ бинобар манфиатдории шахсӣ, ки дар ҷонибдориаш аз гурӯҳи ошӯбгари Назарзода А. ва тарафдорони ӯ ифода меёбад, дар ин бора ба ягон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар надодааст.

Ҳамчунин, ӯ 26 марти соли 2018 ба Тоҷикистон омада, зимни суҳбат бо корманди  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади дур шудан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва  барои ошкор насохтани амалҳои ҷинояткоронааш маблағи калони пулӣ ба микдори 5.000 доллари ИМА ба сифати пора пешниҳод намудааст.

28 мартӣ соли 2018 соати 1530 дақиқа Ризоев Э.Ҷ. ҳангоми  ба корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ додани маблағи пулӣ ба сифати пора ба микдори 5.000 доллари ИМА дар ошёнаи дуюми тарабхонаи “Яккачинор”, воқеъ дар кӯчаи Р.Набиеви шаҳри Душанбе дастгир гардида, маблаги мазкур ёфта гирифта шудааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 19 июни соли 2018 Ризоев Э.Ҷ. бо моддаҳои 170(барои дузанагӣ), моддаи 347 қисми 1 (барои хабар надодан оиди ҷиноятҳои ванин ва махсусан вазнин) ва 320 (барои додани пора) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  гунаҳгор дониста шуда, аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ба ӯ ҷазои ниҳоӣ ба муҳлати 8 солу 4 моҳ, бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми пурзӯр таъин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ