Хабарҳо

Қотил ҷазои сазовор гирифт

   Саьдулоев Анвар Ҳабибуллоевич, 04.06.1972 соли таваллудаш, сокини ноҳияи Кўшониён, Ҷамоати шаҳракиБустонкалъа,  санаи 11 феврали соли 2018 тахминан соати 20-00 дақиқа дар ҳавлии хонаи истикоматиашон дар ҳолати масти бо сабаби баҳсҳои оилавӣ бо   шаҳрванд Наҷотов Ҳусейн Ибодуллоевич 21 январи соли 1986 таваллудаш, муноқиша намуда. қасдан бо корд ба узвҳои ҳаётан муҳими охирон якчанд зарба задааст, ки Наҷотов Ҳ.И. аз ин зарбаҳои бо корд расонида, ҷароҳати вазнин бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан вафот кардааст.

 Саьдулоев А.Ҳ. пас аз содир намудани ҷиноят аз ҷои ходиса фирор карда, пас аз чанд вақт аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи  ноҳияи Кушониён дастгир карда шуд.

Вобаста ба ин холат, ки  нисбати  Саьдулоев Анвар Ҳабибуллоевич санаи 12.02.2018 сол аз ҷониби прокурори нохияи Кушониён бо модцаи 104 қисми 2 банди “е” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои одамкушӣ бо бераҳмии махсус) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтиши пешакӣ  қарор гирифта, баъди итмоми тафтишоти пешакӣ  ба суд ирсол карда шуд.

Парвандаи мазкур  8-уми майи соли 2018 аз тарафи Коллегияи суди вилояти Хатлон оид  ба парвандаҳои ҷиноятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, Саьдулоев А.Ҳ. ба мӯҳлати 24 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум карда шуд.  

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ