Маҷалла

Журнал

Хабарҳо

ЗАМИНФУРУШ ҶАЗО ГИРИФТ

   Мамаҷонов Маҳмудҷон зимни дар вазифаи Раиси ҶДММ «Тоҷиктара»-и ноҳияи Б.Ғафуров фаъолият намудан, дидаю дониста, бо мақсади ғайриқонунӣ додани қисми ин қитъаи замин, тахминан моҳи августа соли 2014-ум ба шаҳрванд Абдураҳмонов С.А., ки мақсади гирифтани қитъаи замин ва бунёд намудани манзили истиқоматиро доштааст, 12,81 сотиқ қитъаи заминро дар бинои ҶДММ «Тоҷиктара», воқеъ дар ноҳияи Б.Ғафуров нишон дода, бо тартиб додани шартномаи рӯяки маблағи 14000 (чордаҳ ҳазор) доллари ИМА-ро аз охирон гирифтааст.

 Инчунин, ӯ такроран бо ҳамин роҳу усул аз ҳисоби қитъаи замини зери иншооти хусусигардонида шудаи ҶДММ «Тоҷиктара» тахминан моҳи октябри соли 2014-ум ба Абдураҳмонов Ахун Абдураҳимович ба масоҳати 0,08 га қитьаи заминро ба маблағи 78000 (ҳафтоду ҳашт ҳазор) сомонӣ пешниҳод карда, моҳи октябри соли 2014-ум аз ӯ ҳамчун пешпардохт 20 ҳазор сомонй маблағ гирифтааст.

Ӯ боз такроран, бо ҳамин poҳy усул 06.02.2017 сол барои ба Очилов F. ғайриқонунӣ додани 0,0525 га қитъаи замин маблағи 8900 доллари ИМА пурсида, худи ҳамон рӯз аз номбурда қисми ин маблағ, яъне 2000 долларро дар ҳудуди шаҳри Гулистон гирифта, аз охирон боз овардани додани маблағи боқимонда 5900 долларро талаб намудааст. Ӯ баъди ин ба номи Очилов Ғ.аз номи Директори ҶДММ «Тоҷиктара» Солиев М.М. ваколатнома оиди сохтмони хонаи истиқоматии №3-ро, ки дар Идораи нотариалии давлатии шаҳри Гулистон таҳти феҳристи № 2В100 аз 09.02.2017 сол ба қайд гирифта шудааст, тайёр намуда ба номбурда додааст. 10 феврали соли 2017-ум тахминан соати 10:20 дақиқа ҳангоми аз Очилов Ғ. гирифтани боқимонда маблағ, яъне 5900 доллари Америкой дар кӯчаи И.Сомонии шаҳри Хуҷанд аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷои ҳодиса боздошт шуда, маблағи пулӣ ба андозаи 5900 доллар аз охирон ҳамчун далели шаъйи ёфта гирифта шудаанд.

Бо ҳукми суди шаҳри Гулистон Мамаҷанов Маҳмудҷон бо моддаи 3381 қисми 2 банди "а"-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ҳамин модда ҷазо дар_намуди ҷарима ба андозаи 950 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 47500 сомонӣ ба фоидаи давлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда ба муҳлати 2 (ду) сол таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ