Хабарҳо

Қасди куштори хонавода барои замин

   Аз 27 апрел то 8 майи соли 2018 дар суди шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ нисбати Азизова М.М. ва Ҷумаева Д.С. бо моддаҳои 32 қисми 3-104 қисми 2 бандҳои “а”, “з”, “и” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Мақомоти тафтишоти пешакӣ Азизова М.М. ва Ҷумаева Д.С.- ро барои он айбдор донистаанд, ки Азизова М.М. қаблан барои содир намудани ҷиноятӣ дар моддаҳои 117 қисми 1, 112 ва 237 қисми 3 банди “а” ва духтараш Ҷумаева Д.С. бо моддаҳои 340 қисми 1, 112 ва 237 қисми 3 банди “а” Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шуда, баъдан бо мақсади аз худ намудани қитъаи замини наздиҳавлигии бародараш Азизов М.М., воқеъ дар шаҳри Ҳисор, ҷамоати деҳоти Дурбат, деҳаи Ҷавонон ба воситаи зархарид қасди куштори бародараш Азизов М.М. ва писари бародараш Азизов И.М- ро кардаанд.

  Азизова М.М. ваъдаи пас аз ба қатл расонидани номбурдагон додани мукофоти пулиро дар ҳачми 12 хазор доллари ИМА карда, барои ин уҳдадории пулияш ба “қотили шартӣ” бо номи “Ҳалим” забонхат навишта додааст.

Зимнан бо сабабҳои аз айбдоршавандагон Азизова М.М. ва Ҷумаева Д.С. вобаста набуда, ҷиноят то ба охир расонида нашуда, номбурдагон зимни гузаронидани чорабинихои фаврӣ- ҷустуҷӯйи аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ дастгир карда шудаанд.

Суди шаҳри Душанбе бо ҳукми худ аз 8 майи соли 2018 судшавандагон Азизова М.М. ва Ҷумаева Д.С.- ро бо моддахои 32 қисми 3-104 қисми 2 бандҳои “а”, “з”,“и” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба Азизова М.М. 16 солу 6 моҳ ва ба Ҷумаева Д.С. 15 сол ҷазои маҳрум  сохтан аз озодӣ бо адо намудани ҷазо дар колонияхои ислоҳии дорои низомашон умумӣ таъин намуд

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ