Маҷалла

Журнал

Хабарҳо

Ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо

   Зияев М.А. барои он гунаҳкор дониста  шудааст, ки ӯ аз соли 2016 ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия рафта, ба Сайдалиев Б.Ш. ном шахси ба тафтишот маълум шиносоӣ пайдо намуда, ӯро барои ба Давлати Сурия рафтан раҳнамоӣ кардааст. Сипас 4 феврали соли 2017 аз фурӯдгоҳи Шереметови шаҳри Москва ба хатсайри Москва-Истамбул чипта гирифта, ба Ҷумҳурии Туркия мақсади сафар намуданро намудааст, ки аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ  дастгир карда шуда, ба Ҷумҳури Тоҷикистон баргардонида шудааст.

  Бо ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз 18 апрели соли 2018 Зияев М.А. бо моддаҳои 32 қисми 3-4011 ва 4011 Кодекси ҷиноятї, яъне барои ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 14 сол бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дорои низоми сахт таъин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ