Хабарҳо

Иштироки ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи 63 Кумитаи зидди шиканҷаи СММ

 4-7 майи соли 2018 ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ҷиҳати иштирок дар иҷлосияи 63 Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Женева қарор дошт.

   Дар ҳайати ҳукуматӣ ҳамчунин сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатторзода Абдуҷабор, муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ Аламшозода Абдураҳмон, муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Умарзода Саида ва муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Илҳом шомил буданд.

Дар рафти иҷлосияи 63 Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид ҳисоботи сеюми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф шунида шуда, як қатор саволҳо дода шуданд.

7 майи соли 2018 ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти муколама ба саволҳои додашудаи аъзои Кумита посух дода, дар натиҷа ба ҷумҳурӣ як қатор тавсияҳо дода шуд, ки дар оянда коркард ва баррасӣ карда мешаванд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ