Маҷалла

Журнал

Хабарҳо

Ҷавобгарии ҷинояти барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан

 Самадов Фазлиддин Файзуллоевич барои он гунаҳкор дониста  шудааст, ки ӯ 22 феврали соли 2017 бо маслиҳати пешакӣ бо Нозимов Қ.Ф., Самадов М.Ш. ва Замятин Р.В. ба муомилоти ғайриқонунии воситаи нашъадори навъи “ҳашиш” бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори калон  машғул шудаанд.

22 феврали соли 2017 соати 1430 дақиқа дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ Нозимов Қ.Ф., Самадов М.Ш. ва Замятин Р.В. дастгир гардида, аз онҳо ба миқдори 750 грамм воситаи нашъадори навъи “ҳашиш” дарёфт ва гирифта шудааст.

 Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе аз 18 апрели соли 2018 Самадов Ф.Ф. бо моддаи 200 қисми 3 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятӣ, яъне барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додангунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми пурзӯр  таъин гардид.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ