Хабарҳо

Мулоқоти кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш, Кумитаҳои идораи замин ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои низоми

   Имрӯз -21 апрели соли 2018 Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ватанзода М.М., Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Ю.А. ва Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Ф.Ф. дар ноҳияи Рашт тибқи Нақшаи тасдиқгардида бо кормандони масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш, Кумитаҳои идораи замин ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои низомии ин ноҳияҳо мулоқот намуданд.

 Мулоқоти имрӯза дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 13 марти соли 2018 дар вохӯрӣ бо кормандони мақомоти прокуратура дода шуда буд доир гардид.

Сараввал Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ватанзода М.М. вобаста ба ҷой доштани камбудиву қонунвайронкуниҳо дар фаъолияти сохторҳои номбурда ва таъкидҳои Сарвари давлат баромад намуд.

Сипас Прокурори генералӣ Раҳмон Ю.А. оид ба натиҷаи вохурии Пешвои миллат бо кормандони мақомоти прокуратура ва вазифаҳои дар ин вохӯрӣ ба зиммаи мақомот гузошташуда суханронӣ намуд.

Зимнан таъкид гардид, ки назорату риояи қонунҳо аз тарафи масъулини мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади пешгирии қонуншиканӣ ва таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд вусъат дода шуда, ба корҳои пешгирикунандаву фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ таваҷҷуҳи боз ҳам бештар дода, тарзу усулҳои муосири фаъолият дастрасу татбиқ карда шавад.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ