Маҷалла

Журнал

Хабарҳо

Ҷавобгарӣ барои риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Прокуратураи ноҳияи Шаҳринав ҳангоми гузаронидани санҷишӣ қонунгузорӣ оиди танзими анъана ва ҷашну маросимҳо муайян намуд, ки баъзе аз шаҳрвандон аз бепарвоӣ ва фориғболии шахсони масъули Комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав истифода намуда, дидаю дониста аз доираи тартиби муқарраргардида берун баромада, ҷашну маросимҳои худро бо даъвати зиёди меҳмонон, аз меъёри муайянгардида барзиёд истифода намудани воситаҳои нақлиёт дар баргузории маросими қайди давлатии акди никоҳ, бидуни бастани шартнома ҷалб намудани санъаткорон баргузор намуда, манфиатҳои давлат ва ҷамъиятро халалдор сохтаанд.

 Чунончӣ, 13 январи соли 2018 ҳангоми гузаронидани санҷиши вазъи риоя ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" муайян гардид, ки сокини ноҳияи Шаҳринав, ҷамоати деҳоти А. Ҳасанов, деҳаи Ҳаёти нав Каттаев А. ҳамчун санъаткор дар туйи домодии фарзанди Авғонов Н. аз соати 1700 то 2000 дақиқа иштирок намуда, бархилофи талаботи банди 1 моддаи 14 Қонуни мазкур бидуни бастани шартномаи тарафайн ғайриқонунӣ хизмат расонида, бо ин кирдори худ манфиатҳои давлат ва ҷамъиятро халалдор сохтааст.

Ё ин ки сокини ноҳияи Шаҳринав, ҷамоати деҳоти Истиқлол, деҳаи Роҳи нав Сафаров Э. 20 январи соли 2018 барои барпо намудани туйи домодии фарзандаш аз соати 1630 то 1930 дақиқа аз ҷамоати деҳот тавсиянома гирифта, бархилофи талаботи банди 6 моддаи 10 Қонуни мазкур барои гузаронидани маросими қайди давлатии акди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҷамоати деҳот ва барпо намудани туйи домодии фарзандаш ба хонаи арусшаванда бо 10 адад автомошинаи сабукрав раҳсипор шуда, бо ин кирдори худ талаботи қонунгузориро дағалона вайрон намудааст.

Ҳамзамон муайян карда шуд, ки 13 январи соли 2018 сокини шаҳри Турсунзода, ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ. Раҳмон, деҳаи Киров Рузибадалов Б. бархилофи талаботи банди 6 моддаи 10 Қонуни мазкур барои гузаронидани маросими қайди давлатии акди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҷамоати деҳот ва барпо намудани туйи домодии фарзандаш ба хонаи оилаи арусшаванда Ҳасанов О., воқеъ дар ноҳияи Шаҳринав, ҷамоати деҳоти А. Ҳасанов, деҳаи Муллошодӣ бо 5 адад автомошинаи сабукрав омада, бо ин кирдори худ талаботи қонунро вайрон намудааст.

Бо натиҷаи санҷишҳои дар ин самт гузаронидаи прокуратураи ноҳияи  Шаҳринав дар давраи сипаригардидаи соли ҷорӣ нисбати шаҳрвандон 4 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, барои баррасӣ ба суди ноҳияи Шаҳринав ирсол карда шуда, бо қарорҳои судӣ аз номбурдагон ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 5000 сомонӣ руёнида шудаанд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ