Оқибати ҷиноятҳои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва контрабанда (қочоқ) - Генеральная прокуратура Республики Таджикистан
 
 

Маҷалла

Журнал

Хабарҳо

Оқибати ҷиноятҳои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва контрабанда (қочоқ)

   Неъматуллобеков Ш.Ҷ. ва Туйбошев Б.К. барои он гунаҳкор дониста шудаанд, ки Неъматуллобеков Ш.Ҷ. 5 октябри соли 2017 соати 2000 дақиқа бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо номи Маҳмадулло 4 кг 775 грамм воситаи нашъадори навъи "ҳашиш"-ро аз ҳудуди деҳаи Наводаки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ғайриқонунӣ ба тариқи қочоқ ба ҳудуди деҳаи Соғчарви ноҳияи Шуғнони ВМКБ овардааст.

  13 октябри соли 2017 Неъматуллобеков Ш.Ҷ. бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додани воситаи нашъадор онро аз шаҳри Хоруғ ба воситаи автомашинаи кироя ба манзили истиқоматии хешаш Туйбошев Б.К. воқеъ дар сӯроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Испечак №2-М- 23, бинои 5, ҳуҷраи 20 ғайриқонунӣ интиқол дода, аз ӯ хоҳиш намудааст, ки барои пайдо намудани харидори воситаи нашъадор кӯмак расонад ва Туйбошев Б.К. ба пешниҳоди охирин розӣ шудааст.                      15 октябри соли 2017 соати 1600 дақиқа ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустучуй Туйбошев Б.К. аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ дастгир гардида, аз номбурда воситаи нашъадори навъи "ҳашиш" дарёфт гардидааст.                                                                                                                                          Бо ҳукми суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 29 январи соли 2018 Неъматуллобеков Ш.Ҷ. ва Туйбошев Б.К. бо моддаҳои 200 қисми 3 бандҳои “в,г” ва 289 қисми 3 Кодекси ҷиноятй, яъне барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропй бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ва контрабанда (қочоқ) гунаҳкор дониста шуда, ба Неъматуллобеков Ш.Ҷ. ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодй ба муҳлати 12 сол ва ба Туйбошев Б.К. ба муҳлати 10 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин гардид.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ