Хабарҳо

Сӯиқасди иштирок дар ташкилоти терористӣ

 Пиров А.С. барои он гунаҳкор дониста шудааст, ки ӯ  соли 2017 дар ноҳияи Невянскии вилояти Свердловский Федератсияи Россия тавассути телефони мобилӣ дар сомонаҳои «Вотсап», «Вайбер» ва «Телеграмм» сабти ном карда, тавассути сомонаи “Телеграмм” бо шаҳрванди Доғистон бо номи мустаъори Абу- Абдулло мунтазам сӯҳбатҳо карда, номбурда ақидаҳои ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)-террористӣ “Давлати Исломии Ироқу Шом”-ро ба ӯ тарғибу ташвиқ намуда, ӯро барои аъзо шудан ба ташкилоти экстремистӣ-террористӣ моил намудааст...

 16 марти соли 2017 номбурда бо баҳонаи таҳсил дар мадрасаҳои Ҷумҳурии Туркия ба он ҷо сафар намуда, бо ғоя ва мақсадҳои ташкилоти террористии «Давлати исломии Ироқу Шом» шинос шуда, онҳоро ҷонибдорӣ  намуда, нияти ба Ҷумҳурии Сурияи Араб  сафар  намудан ва дар якҷоягӣ бо дигар аъзоёни ин ташкилоти экстремистӣ- террористӣ «ҷиҳод» намуданро кардааст.

Дар шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия ба назди ҳаммаслакони Абу-Абдулло рафта, бо шаҳрвандони Доғистон бо номи Гаҷи, Тотористон, Абдураҳмон ва Озарбойҷон Абуабдуллоҳ вохӯрда, барои пайвастан ба ташкилоти мазкур  омодагӣ дидааст.

Аввалҳои моҳи майи соли 2017 вақти ба Ҷумҳурии Сурияи Араб сафар кардан дар марзи Ҷумҳурии Туркия ва Сурияи Араб дастгир карда шудааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе аз 25 январи соли 2018 Пиров А.С. бо моддаи 32 кисми 3, 4011 Кодекси  ҷинояти, яъне барои сӯиқасди иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ  дар қаламрави дигар давлатҳо  гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 7 сол бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии низомаш умумӣ таъин гардид.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ